25 Октябр 2025 - 21:59
Source: Parstoday
5 пешниҳоди калидии Эрон барои тақвияти ҳамгироии ҳамлу нақли минтақаӣ дар иҷлоси Исломобод

Вазири роҳу шаҳрсозии Ҷумҳурии исломии Эрон дар иҷлоси минтақаии ҳамлу нақл дар Исломобод, бо ташреҳи панҷ пешниҳоди Теҳрон барои тавсеаи ҳамкориҳои транзитӣ ва лаҷистикӣ, бар нақши меҳварии Эрон дар иттисоли каридорҳои Шимол–Ҷануб ва Шарқ–Ғарб ва тақвияти тиҷорату рифоҳи минтақаӣ таъкид кард.

Фарзонаи Содиқ, вазири роҳу шаҳрсозии Эрон дар иҷлоси минтақаии ҳамлу нақл дар Исломобод, пешниҳодоти панҷгонаи Эрон барои афзоиши ҳамгироии ҳамлу нақл ва транзити минтақаиро ташреҳ кард.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз ИРНА, Фарзонаи Содиқ, раиси ҳайати Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони нахустин суханрони ин нишаст ибрози итминон кард, ки гуфтугӯҳои ин иҷлос масирро барои ҳамкориҳои бештар миёни кишварҳои ҳозир ҳамвор хоҳад кард.

Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон дар суханронии худ бар аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву транзитӣ бо ҳамсоягон таъкид карду гуфт: Ҳамлу нақлу транзит асоси таҳарруку равнақи соири ҳавзаҳо монанди тиҷорат, гардишгарӣ ва энержӣ аст ва Эрон бо шабакаи густардаи ҷоддаӣ, рейлӣ ва бандарии худ метавонад нақши калидӣ дар иттисоли занҷираҳои таъмини минтақа ифо кунад.

Ӯ ҳамчунин ба зарфиятҳои мавҷуд дар каридорҳои байналмилалӣ, шомили масирҳои бузургроҳи осиёӣ ва роҳи оҳани саросарӣ, пружаҳои транзитие монанди роҳи қатори Чин–Аврупо ва қатори бории ЭКО (Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ) ишора карду афзуд: Такмили масирҳои рейлӣ ва тавсеаи шабакаи ҳамлу нақли Эрон, фурсатҳои ҳамкории минтақаиро беш аз пеш афзоиш хоҳад дод.

Вазири роҳу шаҳрсозӣ дар идома панҷ пешниҳоди калидии Эрон барои иртиқои ҳамгироии ҳамлу нақлии минтақаиро матраҳ кард:

- тиҷорисозии каридорҳои транзитии минтақаӣ аз тариқи тавсеаи ҳамкориҳои ду ва чандҷониба;

- иҷрои амалиёти гумрукии шабонарӯзӣ дар нуқоти марзӣ барои тиҷорати бидуни таваққуф;

- диҷиталисозӣ ва ҳушмандсозии фарояндҳои транзиту бознигарии ташрифоти марзӣ;

- иртиқои дастрасии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ ба обҳои озод ва тавсеаи зарфияти транзити ТИР;

- афзоиши зарфияти иттисолоти рейлӣ ва ҷоддаии марзӣ барои эҷоди шабакаи транзити мунсаҷим ва камҳазина.

Вай таъкид кард, ки амалӣ шудани ин пешниҳодҳо метавонад заминасози тавсеаи тиҷорати минтақаӣ, афзоиши рифоҳ ва тақвияти сулҳу ҳамкорӣ миёни кишварҳои ҳозир бошад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha